Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Нигина Амонқулова : ҳамагирии COVID - 19 нигоҳамро ба зиндагӣ дигар кард - видео

© Facebook / Nigina AmonkulovaНигина Амонкулова, архивное фото
Нигина Амонкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик дар бораи лағви консертҳояш дар Бритониё, Канада, Австралия ва Исроил нақл карда гуфт, ҳамагирии коронавирус нигоҳи ӯро ба зиндагӣ тағйир дод

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова дар мусоҳиба бо блогери тоҷик Рафаэл Гулов, ки дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб нашр шудааст, дар бораи ҳамагирии COVID - 19, тарҳи нав ва зиндагии хонаводагӣ нақл кард.

Ба гуфти Нигина агар аз як тараф пандемия нақшаҳоро барбод дода бошад, аз ҷониби дигар нигоҳҳоро ба зиндагӣ дигар кард. Ногуфта намонад, ки ба далели ҳамагирии коронавирус консертҳои Нигина дар Бритониё, Канада, Австралия ва Исроил ба таъхир афтод

"Нигоҳи ман ба зиндагӣ дигар шуд. Бисёр кор мекардам, бисёр машғул будам ба кӯдакҳоям, падару модарам, наздиком вақт ҷудо карда наметавонистам. Вале дар вақти пандемия мо боз якҷо шудем, ман тавонистам бо кӯдакҳоям боз наздиктар шавам, меҳри модариро дода тавонаму ҳам эҳсос кунам", - гуфт Нигина Амонқулова ва афзуд, ки кӯшиш мекунад ҳар ҳафта рӯзҳои таътил бо фарзандонаш ба сайру гашт барояд.

Чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд. Яке аз он сурудҳоро, ки муаллифи суханаш Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст, Нигина ба таври зинда сароид. Ба гуфти Нигина Амонқулова ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Сароянда мегӯяд, ҳеҷ вақт каси дигар инсонро намефаҳмад.

"Дар зиндагӣ ҳам чунин аст. Ҳеҷ вақт каси дигар ту шуда наметавонад, ки туро бифаҳмад", - бовар дорад Нигина.

Ба суол дар бораи сарояндагони ҷавон, ки солҳои охир рӯи саҳнаи эстрадаи тоҷик зуҳур кардаанд, Нигина ҳунари Мадина Ақназарова ва равияи хоси Сафармуҳаммадро қайд кард.

Лентаи хабарҳо
0