ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Рақобати Асрор Воҳидов дар доираи мусобиқаи RCC Boxing рӯзи гузашта дар шаҳри Екатеринбург доир гашт.
Муҳориба се давр давом карда, варзишкори украинӣ дар пайи ҳамлаҳои муваффақи Воҳидов ба замин афтид.
Ёдовар мешавем ин рақобати ҳаштуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.
Ҳамакнун Воҳидови 24-сола дар 8 сабқат 8 пирӯзӣ ба даст овардааст, ки 4-тои он бо нокаут анҷомида буданд.
Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.
Мақомоти Исфара ба варзишкорон Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубов замину пул тақдим кард
Асрор Воҳидов, баҳори имсол, Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро дар як зӯрозмоии шадид шикаст дода буд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Воҳидов дар шарҳи пирӯзияш гуфтааст, ки ин як муборизаи одӣ бо омодагии душвор буд.
“Мо ба ин рақобат чор моҳ омодагӣ мегирифтем, ин аллакай омодагии сеюм буд, зеро бо сабаби пандемия - дидорҳои қаблӣ вайрон шуданд. Бадтарин ҳолат он аст, ки шумо омода мешавед, аммо мубориза бекор карда мешавад”,-гуфт Воҳидов.
Кӣ зӯртар: пуршӯртарин лаҳзаҳо аз зӯрозмоии муштзанони тоҷику узбак
Аммо имрӯз ман омода будам, ба мубориза бо шакли хеле хуб вориди майдон шудам, медонистам, ки рақибам муборизи хубу ҷавон буд, аз ин омодагии ман низ хуб буд, изҳор дошт муштзани тоҷик.