ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Рӯзи 22 феврал дар рӯзи панҷуми Қаҳрамонии Осиё оид ба кутӣ, дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.
Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 22 феврал қувваозмоиҳо дар равияи куштии озод дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 972 кило сурат гирифт.
Варзишкорони тоҷик дар се вазн ба гирифтани як медали нуқра ва як биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали нуқраро Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кило сазовор шуд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари Қирғизистон Бекболод Мирзоназар уулу, дар нимниҳоӣ намояндаи Узбекистон Сардор Рузимовро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон Кумар Равӣ мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.
Медали биринҷиро Искандари Рустам дар вазни 97 кило ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар варзишгари Покистон Тайаб Раза ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи кишвари мизбон – Ҳиндустон Сативарт Кадиан шикаст хурд.
Искандар сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Урдун Зайд Ҳусейн Муҳаммад Ҳорун Шишонӣ дастболо шуд.
Варзишгари дигарамон Ҷамшед Шарифов дар вазни 65кг дар даври интихобӣ аз варзишгари Ҳиндустон Байранг Байранг ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Узбекистон Аббос Раҳмонов мағлуб гардид.
Имрӯз – 23 феврал – дар рӯзи охири чемпионат варзишгарони мо дар вазнҳои 61кг (Муҳаммад Икромов), 74кг (Ғуломҷон Шарифов), 86кг (Баҳодур Қодиров) ва 125кг (Фарҳод Анақулов) гуштин мегиранд.