Қонуни танзим хушатон омад? – Кумитаи дин ҳазорон нафарро ба пурсиш гирифтааст

Обуна шудан
Сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим назарпурсиеро дар бораи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба роҳ андохтаанд

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кормандони Кумита дар миёни мардум гашта, аз онҳо дар бораи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим мепурсанд.

Гости танцуют на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
"Як духтар дорам, чӣ хел бе тӯй шавҳар диҳам?" Чаро Кумитаи дин туйро манъ накардааст

"Онҳо аз мо пурсиданд, ки оё ин Қонун чӣ гуна амалӣ мешавад, оё ба мо писанд ҳаст ё нест? Ва боз мепурсанд, ки боз барои беҳтар шудани он чӣ кор метавон кард? Мо посух додем, ки дар умум аз ин Қонун розӣ ҳастем, фақат ин, ки маҳдуд кардани теъдоди меҳмонон дар маъракаҳо хеле кам аст. Ҳоло дар замони пандемия, бахусус теъдоди меҳмононро хеле маҳдуд кардаанд, ки ба воқеиятҳои Тоҷикистон ва урфу одатҳои мо ҷавобгӯ нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, мақомот баргузории ҳамчунин пурсиш дар миёни аҳолии кишварро ба Sputnik Тоҷикистон расман таъйид карданд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин қабир назарсанҷӣ тақрибан ҳар сол баргузор мешавад.

“Ҳадаф маълум кардани ин аст, ки мардум ба Қонун чӣ назар доранд ва он чӣ таваққӯъ мерафт, таҳаққуқ меёбад ё не. Ҳамзамон онҳо аз бархӯрди мақомот, бахусус идораҳои маҳаллии танзими расму оинҳо оё розӣ ҳастанд ё не. Мо пас аз ин назарсанҷӣ натиҷагирӣ карда, ҳатман ба мардум иттилоъ хоҳем дод”, - гуфт Афшини Муқим.

Ба қавли ӯ, назарсанҷии имсола ҳудуди даҳ суолро дарбар гирифта, дар ҷараёни он андешаи ҳудуди 10 ҳазор сокини кишвар пурсида шудаву мешавад.

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим соли 2007 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида, ҳадаф гузошта буд, ки харҷу хароҷоти молиявӣ ва вақту теъдоди меҳмонон дар маъракаву маросимҳоро коҳиш дода, ба боло рафтани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат кунад.

Тибқи иттилои Суди Олии Тоҷикистон, танҳо дар соли 2019 дар кишвар барои нақзи ин Қонун 695 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 686 нафар ба маблағи беш аз 3 миллиону 355 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0