"Як духтар дорам, чӣ хел бе тӯй шавҳар диҳам?" Чаро Кумитаи дин туйро манъ накардааст

© Sputnik / Дмитрий МатвеевГости танцуют на узбекской свадьбе
Гости танцуют на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин мегӯяд, ба сокинон доим тавсия медиҳад, ки ба хотири пешгирии пандемия дар Тоҷикистон баргузории тӯйҳоро маҳудуд кунанд ва бидуни зиёфат баргузор намоянд. Аммо дар бештар ҳолат ин тавсияҳо ба назар гирифта намешавад

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро баргузори тӯй дар Тоҷикистон дар замони пандемия манъ намешавад, посух гуфт.

Пандемияи коронавирус ба ташкили издивоҷ дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд? - Sputnik Тоҷикистон
COVID- 19 тӯй ва талоқро дар Тоҷикистон кам кард

Ӯ ба суоли чаро кумита пешниҳоди манъ кардани тӯйро намекунад, гуфт, "онҳо низ ҷонибдори маҳдудият дар баргузории ҳамагуна маъракаҳо ҳастанд".

Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Давлатзода, аз сокинони ҷумҳурӣ барои баргузории тӯйҳо дархости зиёде гирифтаанду дар ҳамин ҳол ҳам, тавсия медиҳанд, ки маъракаҳо дар шакли маҳдуд баргузор шаванд.

"Мо ҳам ҷонибдор ҳастем, ки маърака ба миқдори маҳдуди меҳмонон баргузор шавад, аммо пешниҳодҳо зиёд буданд, аз мо хоҳиш мекарданд, ки иҷозат диҳем", - таъкид кард раиси кумита.

Ӯ афзуд, ки  даъвати сад нафар (ба ҷойи як саду панҷоҳ нафар дар замони пеш аз пандемия - идора) тавсиявӣ аст. "Соҳибони маърака худашон метавонанд танзим кунанд, маъракаашро дар иҳотаи оила гузаронанд".

"Мо доим ба сокинон тавсия медиҳем, ки одами зиёд ҷамъ накунанд, тавсия медиҳем, ки ҳамон зиёфатро ба эҳтиёҷмандон ё ҳамсояҳо тақсим кунед. Аммо ҳастанд нафароне, ки мегӯяд, "ман як духтар дорам, чӣ хел бе маърака ба шавҳар диҳам", - афзуд Сулаймон Давлатзода.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Вай таъкид кард, ки то иҷоза шудани баргузории маъракаҳо, баъзе хонаводаҳо то се-шаш моҳ тӯяшонро ба таъхир андохтанд.

Лентаи хабарҳо
0