Чаро Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон боз 6 миллион доллар дод?

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст. Бонк ба идораи муосири молияи давлатӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маблағҳои мазкур ба идораи муосири молияи давлатӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ 2 декабр маблағгузории иловагиро ба маблағи 6 миллион доллар барои "Лоиҳаи дуввуми муосиргардонии идораи молияи давлатӣ" тасдиқ кард.

Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди тиҷорат ва нақлиёт 132 миллион доллар медиҳад

"Низоми самараноки идораи молияи давлатӣ (ИМД) имконияти ҳукуматро барои расонидани хадамоти босифат ба шаҳрвандон баланд мебардорад ва захираҳоро ба қонеъ гардонидани талаботи афзалиятнок, ба монанди тандурустӣ, маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ самаранок равона мекунад махсусан, дар пасманзари коҳиш ёфтани даромади буҷетӣ бар асари буҳрон, низоми устувори ИМД воситаи ҷудонашавандаи сиёсати тақсимоти самараноки захираҳои маҳдуд буда, имкон медиҳад, ки сиёсатгузорон ва шаҳрвандон дар бораи истифодаи захираҳои буҷетӣ барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзун пурра огоҳ шаванд" — таъкид доштааст намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Жан-Питер Олтерс.

Бонки ҷаҳонӣ қайд кардааст, ки лоиҳа дар шакли гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ шудааст. 

Бонки ҷаҳонӣ қайд кардааст, ки бо маблағгузории иловагии имрӯз тасдиқёфта тавонмандии корхонаҳои алоҳидаи давлатиро дар риояи Меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва амалияи муносиби идораи корпоративӣ тақвият медиҳад.

Ҳамчунин, заминаи меъёрӣ ва институтсионалии хариди давлатиро таҳким мебахшад, татбиқи низоми хариди электрониро дастгирӣ менамояд ва инчунин иқтидори мувофиқро барои ташкилоти хариди давлатӣ муҳайё месозад, идораи сармоягузории давлатӣ ва амалиёти шарикии давлат ва бахши хусусиро тавассути таҳкими меъёрҳо, сиёсат, назорат ва мониторинги ин амалиёт такмил медиҳад ва аудити дохилии ташкилоти буҷетиро тақвият мебахшад.

Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии НБО Норак пул медиҳад

Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба Тоҷикистон дар баланд бардоштани самаранокии сармоягузории давлатӣ барои расидан ба рушди босуръат ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Агентии хизмати давлатӣ ва Палатаи ҳисоб татбиқ мешавад. Лоиҳа соли 2024 ба итмом мерасад.

Бастаи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 лоиҳаи кишварӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки уҳдадориҳои холиси онҳо беш аз 841 миллион долларро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0