Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Хонаи помирӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни Бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" сохтв шудааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд.

© Sputnik / Стас ЭтвешГлавный архитектор памирского дома Шукрихудо
Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор - Sputnik Тоҷикистон
Главный архитектор памирского дома Шукрихудо
"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Ӯ афзуд, ки як фикри дигар доранд, то дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд онҳо низ як хонаи помирӣ созанд, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаанд.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

Хонаи Плмирӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби сайёҳон: дар Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохтанд

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад шуд ва макони зебои аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад. Бахилӣ ҳеҷ вақт лозим нест", - таъкид мекунад Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ки барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо, мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

Лентаи хабарҳо
0