Ҷалби сайёҳон: дар Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохтанд

© SputnikХонаи Плмирӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Хонаи Плмирӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чандин сайёҳони хориҷӣ баъди дидани хонаи Помирӣ, нӯшидани ширчой ва чашидани тут, хостанд аз Тоҷикистони ҳақиқӣ дидан кунанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.  Донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар шаҳри Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохта, сайёҳон, меҳмонон ва коршиносонро бо Тоҷикистон шинос карданд.

Музаффари Имомдод дар назди кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар давоми ду рӯз 23, 24-уми январ Форуми "Интихоби огоҳона" (Осознанный выбор) баргузор шуд. Дар доираи форум донишҷӯён ба меҳмонон ва коршиносон, минтақаҳои гуногуни Роҳи бузурги Абрешимро, ки дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошанд, нишон доданд.

Донишҷӯёни курси сеюми бахши туризми Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия барои намоиш Тоҷикистонро интихоб карданд.

"Бобои яке аз ҳамсабақамон тӯли 20 сол мешавад, ки ҳар сол ба Бадахшони Тоҷикистон меравад. Ба ӯ Помир хеле писанд омадааст. Вақте ӯ дар бораи ин минтақа, хусусиятҳои хонаи Помирӣ ва анъанаву расму оини ин мардум нақл кард, мо тасмим гирифтем, ки меҳмононамонро дар хонаи Помирӣ пешвоз мегирем",-гуфт сардори гурӯҳи донишҷӯён Юлия ва роҳбари идеологии лоиҳаи хонаи Помирӣ.

© SputnikХонаи Помирӣ дар Маскав
Форум Осознанный выбор в РУДН - Sputnik Тоҷикистон
Хонаи Помирӣ дар Маскав

Форуми мазкур ҳар сол бо мақсади дарёфти минтақаҳои дорои имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон баргузор карда мешавад. Донишҷӯён дар давоми чор рӯз яке аз синфҳои донишгоҳро ба хонаи Помирӣ табдил дода, онро бо ҳамаи хусусиятҳои хонаи бадахшонӣ ва таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардониданд.

"Барои омода сохтани лоиҳа наздики ду ҳафта лозим шуд. Аксари вақтамон барои тартиби консепсия сарф шуд. Худи хонаро мо дар давоми чор рӯз сохтем. Ба мо ташкилоти ҷамъиятии Нур дар Маскав ва ҳамсабақамон, ки худ аз Тоҷикистон аст, дар гирд овардани курпача, қолин, даф, рубоб ва дигар лавозимоти хонаи Помирӣ ёрӣ расониданд",-илова кард ӯ.

Бо мақсади нишон додани меҳмоннавозии мардум ва бо пуррагӣ шинос намудани сайёҳон бо урфу одоти халқи тоҷик, донишҷӯён дар маркази хона дастархон ороста, худ бо либоси миллӣ ба меҳмонон ширчой, чойи аз алафҳои табиӣ омодашуда, самбӯса, орзуқ, сабзавот ва тут пешниҳод мекарданд.

© SputnikДонишҷӯёни рус сари дастархон
Форум Осознанный выбор в РУДН - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни рус сари дастархон

"Бори авал чунин чойро менӯшам. Маззаи ширчой бароям каме ғайримаъмулӣ намуд, вале онро то охир нӯшидам",-гуфт яке аз меҳмонон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Юлия ҳамроҳи дигар ҳамсабақонаш ба сайёҳон ва меҳмонон дар бораи панҷ сутуни хонаи Помирӣ, рӯз, чалак, ва дигар эелементҳо маълумот дод.  

"Ман ҳатто бо намояндагони донишгоҳи шаҳри Хоруғ дар тамос шуда, дар бораи урфу одоти мардуми Бадахшон пурсон шудам. Чунки мо мақсад доштем корамонро ба пуррагӣ ва бо сифати баланд анҷом диҳем. Дар бораи Помир китобҳо хондам, филмҳо тамошо кардам ва дар интернет маълумот ҷамъ намудам",-иброз дошт Юлия.

Сайёҳонро бештар тарзи сохтани хонаи Помирӣ дар ҳайрат гузошт. Онҳо ҳар як элементи хонаро бо тааҷҷуб нигоҳ мекарданд ва бо диққат аз назар мегузарониданд.

"Мехоҳам дар фазои хонаи ҳақиқии помирӣ каме ҳам бошад зиндагӣ кунам. Ба ман бисёр писанд омад. Ман албатта ба Тоҷикистон меравам",-гуфт Мария яке аз меҳмонони форум дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© SputnikФоруми "Интихоби огоҳона" дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав.
Форуми Интихоби огоҳона дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Форуми "Интихоби огоҳона" дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав.
© SputnikКӯзаҳо дар дохили хонаи Помирӣ.
Форуми Интихоби огоҳона дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Кӯзаҳо дар дохили хонаи Помирӣ.
© SputnikДастархон.
Форуми Интихоби огоҳона дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Дастархон.
© SputnikСайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон маълумот мегиранд.
Форуми Интихоби огоҳона дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон маълумот мегиранд.
1/4
Форуми "Интихоби огоҳона" дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар Маскав.
2/4
Кӯзаҳо дар дохили хонаи Помирӣ.
3/4
Дастархон.
4/4
Сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон маълумот мегиранд.

Донишҷӯён дар баробари меҳмоннавозӣ иштирокчиёни форумро ба сайёҳати кӯҳӣ, табобат дар чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон ва сайёҳат дар Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ даъват мекарданд.

"Мо мехоҳем, ки дар оянда бо намояндагони соҳаи туризми Тоҷикистон ҳамкорӣ карда,  ин соҳаро дар Тоҷикистон рушд диҳем. Маро бойгарии фарҳангии мардуми тоҷик ба худ ҷалб кард. Ояндаи туризм дар Тоҷикистон дурахшон аст",-хулоса кард Юлия Галинская сардори гурӯҳ ва донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия.

Лентаи хабарҳо
0