Писарро кушту модарашро маҷруҳ кард: Боздошти Ҷумъазода барои қатли ҳамсояаш-видео

© ФСБ РФСотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти  Ҷамшед Ҷумъазода сокини 29-солаи ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки ҳамсояаш ҷавони 24-соларо куштаву модарашро латукӯб кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, шоми 10 ба 11-уми ноябр аз ҷониби шахси номаълум, шаҳрванд Давронбеков Беҳзод Эркиновичи 24-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод, дар ҳудуди манзили истиқоматиаш, назди иншоотҳои ёрирасони кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод, маҷбуран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст.

Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти куштори бераҳмонаи муаллим аз сӯи ҳамсараш бо табар-видео

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон модари ӯ шаҳрванд Зиёева Малоҳат Ризоевнаи 44-сола, дар дохили ҳуҷраи истиқоматӣ мавриди латукӯби шадид қарор мегирад.

"Аз зарбаи олоти кунду сахт ба қисмати сару рӯй Беҳзод Давронбеков ба ҳалокат расида, бо истифода аз ҳамин гуна олот ба модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин расонида шудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, баъди 10 рӯзи ҳодиса маъмурини пулис Ҷамшед Ҷумъазодаро бо гумони содир намудани ҷинояти махсусан вазнин боздошт карданд, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷабрдидаҳо истиқомат доштаст.

"Хусумати шахсӣ, бадбинӣ нисбати якдигар, қасду қасосгирӣ ё дигар муносибатҳои моливу пулӣ байни гумонбаршуда ва ҷабрдидаҳо, аз фарзияҳои аввалин то ошкор шудани ҷиноят буд, ки дар доираи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ тасдиқ наёфт”,- мегӯяд манбаъ.

Чунон зад, ки дар ҷои ҳодиса мурд: куштори марди 60-сола дар чойхонаи "Сомғор"

Гуфта мешавад, тибқи далелҳои ҷамъоваришуда аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона ва ҳолати мастӣ байни Ҷамшед Ҷумъазода ва Беҳзод Давронбеков муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани модари ӯро намуда, зарари вазнин ба саломатияш расонидааст.

Тафтишоти ҳодисаи одамкуширо мақомоти Прокуратураи ноҳияи Зафаробод пеш мебарад.

Лентаи хабарҳо
0