Тафсилоти куштори бераҳмонаи муаллим аз сӯи ҳамсараш бо табар-видео

© PixabayТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 40-соларо ба гумони қатли ҳамсари омӯзгораш боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раъно Оймаҳмадоваи 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Қатли бераҳмонаи шавҳар аз сӯи зан дар пойтахт

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, Марупов Барот Қурбоновичи 54-сола, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, ҷангу ҷанҷол карда, ба сарау рӯяш бо табар зада ба ҳалокат мерасонад.

Манбаъ мегӯяд, ҳамсар барои ҷабрдида хонадории сеюм буда, соҳиби як фарзанд мебошанд.

“Иллати сар задани ҷинояти махсусан вазнинро тафтишоти пешакӣ ба муҳити носолим дар хонаводаи омӯзгор нисбат медиҳад, ки аз фанни химияву биология дарс мегуфт”,-афзудааст манбаъ.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Раъно Оймаҳмадова парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0