Чин ИМА – ро дар истеҳсоли нафт танг кард: Русия аз ин манфиатдор аст?

© PixabayДобычя нефти в океане
Добычя нефти в океане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пекин тавлидоти бензин ва сӯзишвории дизелиро дар мадди аввал гузошта, иқтидори коркарди нафтро афзоиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik, Ирина Бадмаева. Аллакай соли оянда аз рӯи ин нишондод Чин аз ИМА пеш мегузарад. Ақиб мондани ИМА аз рӯи ММД низ аз эҳтимол дур нест. Вале, чуноне коршиносон қайд мекунанд дар ин росто мавҷи дуюми ҳамагирии коронавирус метавонад садди роҳи Чин шавад.

Иваз шудани раҳбар  

Бино бар омори давлатии Чин, моҳи октябр дар кишвар коркарди нафт то 2,5 дарсад афзоиш ёфта, ба нишондоди рекордии 14,09 миллион баррел дар як шабонарӯз баробар шуд. Моҳи сентябр ин нишондод дар ИМА танҳо 13,5 миллион буд.

Флаг США - Sputnik Тоҷикистон
Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Чиниҳоро чунин нишондод қонеъ намекунад. Дар гузориши ноябрии Ожонсии байналмилалии энержии Чин гуфта мешавад, ки авохири соли оянда боз ду заводи нави коркарди нафт ба баҳрабардорӣ мерасад, дар ҳоле, ки интизор буд корхонаҳо танҳо соли 2023 ба фаъолият оғоз кунанд.

Ҳамчунин, бунёди корхонаи дигар бо иқтидори 1,2 миллион баррел дар як рӯз, идома дорад. Масалан дар Бритониё дар умум ҳамин миқдор нафт коркард мешавад.

Чин аллакай даҳсолаҳо кӯшиш дорад, талаботи афзояндаро ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ қонеъ кунад. Талошҳо барабас нарафтанд.

"Аз соли 2000 инҷониб кишвар се маротиба коркарди нафтро афзоиш дод. То соли 2025 коркарди нафт ба 20 миллион баррел дар як шабонарӯз баробар хоҳад шуд", - қайд мекунад Марк Гойхман, иқтисоддони асосии маркази таҳлилӣ ва иттилоотии ТелеТрейд.

Ба фикри мусоҳиб, ИМА аллакай дар соли 2021 мавқеъи худро, ки аз порсол доштанд аз даст медиҳад.

Амрикоиҳо корхонаҳои коркарди полоишро бинобар маржаи кам, ки пас аз нархи нафт коҳиш ёфт, бастанд. Масалан, 18 март нархи нафти Brent 15 дарсад коҳиш ёфт ва бори аввад аз соли 2003 инҷониб, барои як баррел 24,52 доллар ба фурӯш бароварда шуд.

Талаботи ҷаҳонӣ ба сӯзишворӣ низ коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, коркарди нафт 1,7 миллион баррел рекордӣ кам шуд. Гузашта аз ин, ҳиссаи бузург танҳо ба полоишгоҳҳои амрикоӣ рост омад. "Баъзе корхонаҳо баста мешаванд, дар ҳоле, ки баъзеи дигар пас аз тӯфонҳое, ки ҳамасола дар соҳили Халиҷи Мексика паҳн мешаванд ниёз ба сармоягузорӣ ва навсозӣ доранд”, -  қайд мекунад Марк Гойхман.

Женщина в мобильном пункте сдачи теста на коронавирус в Хайдарабаде, Индия  - Sputnik Тоҷикистон
Олимони Чин мегӯянд, сарчашмаи COVID -19 Ҳиндустон аст

Энержии сабз: кӣ бурд мекунаду кӣ бохт

Сабаби дигари муваффақияти Чин муборизаи муассир бо коронавирус аст, гуфт Алексей Антонов, сармуҳосиби "Алор Брокер". Иқтисоди Чин барқарор мешавад ва суботро нишон медиҳад, дар ҳоле, ки дар Урупо ва ИМА коҳиш меёбад.

Беҳуда нест, ки чиниҳо на танҳо дар коркарди нафт, балки дар металлургия низ пешсафанд. Марк Гойхман мегӯяд: "воқеъан маркази истеъмоли манбаъҳои аввалия, Чин ҳоло як соҳаи коркарди дорои арзиши баландтарро рушд медиҳад".

Ҳамин тамоюлҳо дар Ҳиндустон ва Ховари Миёна низ ба назар мерасанд, қайд мекунад иқтисоддон. Ин боиси баста шудани як қатор иншооти фарсудаи ширкатҳои ғарбӣ ҳатто дар минтақаи Осиё, масалан, дар Сингапур мегардад.

Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида ва Ҷаҳони Қадим ботадриҷ аз карбогидридҳо ба манфиати манбаъҳои алтернативии энержӣ даст мекашанд. Чин бо ӯҳдадориҳои шадиди экологӣ вобаста нест.

ИМА ба энержии сабз такя мекунад, Чин бошад нақши майдони ифлоскунандаро иҷро мекунад. Кишварҳои аз ҷиҳати иқтисод рушдёфта аз ҳисоби маблағҳои боқимонда гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаро маблағгузорӣ намуда, онҳоро ба пардохти "андозҳои экологӣ" маҷбур мекунанд. Дар дастгоҳи Кохи Сафед сиёсатмадори вазнин Ҷон Керрӣ, ки фиристодаи вижаи президенти нав дар масоили иқлим хоҳад шуд, ба масоили иқлим вобаста мешавад", - гуфт Антон Гринштейн, коршиноси ширкати сармоягузории Hamilton.

Барои Русия, ки ба нафт вобаста аст, сенарияи сабз пур аз хароҷоти афзояндаи ширкатҳо ва коҳиши даромади буҷа мебошад. "Ҳангоми нигоҳ доштани сохтори ашёи хом барои Иёлоти Муттаҳида нигоҳ доштани роҳбарии худ дар коркарди нафт барои иқтисоди дохилӣ муфидтар аст", - гуфт манбаъ.

Премьер-министр Израиля Биньямин Нетаньяху,  президент США Дональд Трамп, министр иностранных дел Бахрейна Абдуллатиф бин Рашид аль-Зайани и министр иностранных дел ОАЭ Абдалла бен Заид Аль Нахайян - Sputnik Тоҷикистон
Трамп бо сарусадо меравад. Оё ИМА барои зарба задан ба Эрон омодагӣ мебинад?

Марк Гойхман меафзояд, ки Русия бояд дар бораи манбаъҳои дигари пур кардани хазина ҷиддӣ андешад, то камбуди даромади нафтро пас аз 15-20 сол иваз кунад.

Дар пасманзари афзоиши истеъмоли маҳсулоти нафтӣ дар Чин, ба самти содироти ашёи хом бояд машғул шуд.

Ҳамагирӣ: сенарияи осиёӣ

Бо вуҷуди ин, ҳама чиз табиати ба охир расиданро дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки то соли 2025 афзоиши иқтидори истеҳсолӣ дар Чин аз талабот зиёдтар мешавад. Мувофиқи маълумоти корпоратсияи нафту гази Чин CNPC, пас аз панҷ сол мумкин аст, ки маҳсулоти нафтии изофӣ дар як рӯз 1,4 миллион баррелро ташкил диҳад.

"Ҳоло, дар шароити муносибатҳои шадид бо Иёлоти Муттаҳида, коргарони нафти Чинро хоҳиши бозӣ кардан бо маҳдудиятҳо фаро гирифтааст. Ва ба ин васила нуфузи давлатро баланд бардоштанд", - мегӯяд Алексей Антонов.

Аз ин рӯ, бо назардошти тамоюлҳои кунунӣ дар тӯли се – панҷ соли оянда тағйири роҳбариятро на танҳо дар соҳаи коркарди нафт, балки аз рӯи нишондиҳандаи асосии иқтисодӣ - андозаи ММД низ интизор шудан мумкин аст.

Кандидат в президенты США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Байден ИМА - ро ба лухтаки Урупо табдил медиҳад

"То замони ҳамагирӣ барои Чин панҷ сол намерасид, то аз иқтисоди ИМА пеш гузарад. Акнун ба шарофати муборизаи самаранок бар зидди паҳншавии коронавирус чиниҳо метавонанд тезтар пешоҳанг шаванд , - таъкид мекунад Гринштейн.

Масъалаи дигар – оё ИМА омода аст, мавқеъашро аз даст диҳад. Ба гуфти коршинос Амрико талош кард мушкилро аз тариқи дипломатӣ ва иқтисодӣ ҳал кунад. Вале ин кор накард. Ва алъон ба ҷои президенти тоҷир президенти сиёсатмадор меояд.

Ғайр аз он, афзоиши якбораи талабот ба маҳсулоти нафтӣ дар Чин бо беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ алоқаманд аст. Аммо, авҷи мавҷи дуввум дар Осиё низ аз эҳтимол дур нест. Хуруҷи ин беморӣ аллакай дар Индонезия, Ҷопон ва Куреи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин метавонад таносуби нерӯҳоро байни Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба куллӣ тағйир диҳад.

Лентаи хабарҳо
0