Ҳушдори КҲФ ба ронандаҳо: то 27 ноябр яхбандӣ ва тармафароӣ мешавад

Обуна шудан
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз яхбандӣ дар роҳҳои мошингард ва ҳамзамон тармафароӣ ҳушдор медиҳад.

Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Фаромадани тарма ва яхбандӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди "Душанбе — Чанок", "Душанбе — Ваҳдат — Лахш", "Душанбе — Рашт", "Душанбе — Сангвор", "Душанбе — Кӯлоб", "Шоҳин — Дарвоз", "Ванҷ- Хоруғ", "Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб" эҳтимоли яхбандӣ, тӯдашавии барф дар баъзе ҷойҳо, инчунин дараҷаи баланди хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз мусофират, сафарҳо ба мавзеъҳои аз лиҳози фаромадани тарма хатарнок худдорӣ кунанд, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд, дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёткор бошанд", - шарҳ доданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 27 ноябр дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0