ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Хабаргузории эронии “Тасним” дар бораи марги физики ҳастаӣ Муҳсин Фахризода хабар дод. Ин маълумотро баъдан шахсиятҳои расмӣ низ тасдиқ карданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамлагарон дар аввал мошини олимро тарконданд ва вақте ки ин натиҷа надод, мошинро парронидаанд. Худи Фахризода бо чархбол ба бемористон интиқол ёфтаву дар он ҷо ҷон додааст.
Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ дар як изҳорот ба матбуот қатли олимро "кори Иёлоти Муттаҳида" номид. Сиёсатмадори дигари давлатӣ, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф Исроилро ба ҳамла ба физики ҳастаӣ айбдор кард.
Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.
Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд.
Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.
Лавров: Амрико бо куштори Сулаймонӣ аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун ҷаст
Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ муқоиса кардан мумкин аст.