Чоҳкан зери чоҳ: қотили Сулаймонӣ дар Афғонистон кушта шуд

© APГенерал Касем Сулеймани
Генерал Касем Сулеймани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомие амрикоие, ки дар пайи суқути ҳавопаймо дар Афғонистон кушта шуд, масъули амалиётҳо дар Шарқи Наздик буд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар пайи суқути ҳавопаймо дар Афғонистон низомии амрикоие кушта шуд, ки дар куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ даст дошт, гузориш медиҳад оҷонсии иттилоотии Меҳр дар истинод ба иктишофии Русия.

Гуфта мешавад, ки қурбони суқути ҳавопаймо дар Афғонистон афсари баландмақоми амрикоӣ Майкл Д'Андреа гашт. Ӯ роҳбари амалиётҳо дар Шарқи Наздик будааст.

Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гунаҳкори суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон паси панҷара рафт

Бино бар иттилои манбаъ, маҳз Д'Андреа дар ташкили ҳамла ба роҳбари қисмҳои қувваҳои махсуси эронӣ "Қудс" аз Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ даст доштааст.

Гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи "Толибон" низ дар ин бора хабаре нашр карда буд, аммо Амрико то ҳол ин маълумотҳоро тавзеҳ надодааст.

Ёдрас мешавем, пештар аз суқути ҳавопаймои ширкати Ariana Afghan Airlines дар Афғонистон хабар дода шуд. Дертар Амрико эълом кард, ки ҳавопаймо ба ИМА тааллуқ дошт.

Гуруҳи "Толибон"  масъули суқути ҳавопаймо шуд.

Лентаи хабарҳо
0