ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар 85 минтақаи Руси давоми 24 соати гузашта 27 543 ҳолати нави гирифторӣ ба маризии COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.
Суръати афзоиши сироятёбӣ дар кишвар то 1,3 дарсад боло рафтааст.
Дар давоми шабонарӯзи гузашта аз ин вабои аср 496 кас ҷон бохта ва 26 ҳазор нафар шифо ёфтааст.
Аз рӯи шумораи бештарин беморон Максав бо 7918 нафар дар ҷои аввал меистад. Баъд Санкт-Петербург 3687 (шумораи рекордӣ барои пойтахти шимолӣ), вилояти Маскав - 1058, Нижегород - 459, вилояти Свердлов - 399, Карелия - 388, вилояти Архангел - 361 ва Хабаровск - 337.
Олимон таъсири манфии дуркориро ба саломатии инсон муайян карданд
Дирӯз ситоди фаврӣ аз сироят шудани 25 487 кас хабар дода буд. Ҳамин тавр, аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун дар Русия 2 215 533 кас мубталои COVID - 19 шуда, 38,5 ҳазор ҳалок ва беш аз 1,71 миллион нафар шифо ёфтааст.
Маҳдудиятҳои дар Маскав ҷоришуда то 15 январ тамдид карда шуданд: дар байни онҳо - низоми худҷудоӣ барои одамони аз гурӯҳи хавфи баланд, дуркории 30 дарсади корманди ширкатҳо ва манъи фаъолияти шабона (барҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва клубҳо).
Тибқи омори СҶБ, шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон аз марзи 60,3 миллион гузашта, беш аз 1,4 миллион нафар фавтидаанд.
Тибқи ҳисоботи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ( дар ҷаҳон 12,88 миллион ҳолат ба қайд гирифта шудааст), Ҳиндустон (9,3 миллион) ва Бразилия (6,2 миллион).
Пасон: Фаронса, Русия, Испания, Британияи Кабир, Италия, Аргентина ва Колумбия ҷой гирифтааст.