ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабарии Авесто, Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон ба маблағи 436 миллион доллар сӯзишворӣ, орду гандум ворид карда аст, ки баробар бо 17,2 дарсад аз воридоти 2,5 миллиард долларии ин кишвар дар ин муддат мебошад.
Ҳаҷми сӯзишвории воридоти тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон наздик ба 489 ҳазор тон эълом шуда, ки ба ин манзур 232 миллион доллар ҳазина кардаанд.
Ин шохис дар муқоиса бо ҳаминдавраи соли қаблӣ афзоиши наздик ба 16 дарсадиро нишон медиҳад.
Ҳамчнин дар 10 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 165 миллиону 500 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 7 дарсади рӯбарӯ аст.
Мизони орди воридоти ба Тоҷикистон дар ин муддат низ беш аз 73 ҳазор тон ба арзиши молии 18 миллиону 700 ҳазор доллар эълом шудааст.
Тоҷикистон ҳамасола бахши умдаи сӯзишворӣ, орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.