ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи ноҳияи Рашт ҳунармандон аз ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Рашт ва шаҳри Роғун, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон — Ватани азизи ман" ғолиб омада буданд, барномаҳои ҷолибу диданиро пешниҳоди ҳакамон гардониданд, хабар медиҳад нашриёти "Садои мардум".
Ҳамин тариқ, ҳайати ҳакамон ғолибони даври дуюмро аз рӯи талаботи низомномаи озмун ба тариқи зайл муайян намуданд: шаҳри Роғун — 8 нафар, ноҳияи Рашт-5, ноҳияи Тоҷикобод-3, ноҳияи Сангвор-3, ноҳияи Лахш -2 ва ноҳияи Нуробод 1 нафар.
Набуди устодони касбӣ
Яке аз мушкилоти ҳунармандон набуди истодони кабӣ гуфта мешавад.
Ҳунарнамоӣ ва шавқу рағбати наврасону ҷавонон гувоҳи он аст, ки онҳо барои сайқал додани ҳунар талош менамоянд, аммо бинобар набудани устодони касбӣ ва фаъолияти хуби мактабҳои мусиқӣ ба натиҷаи дилхоҳ расида наметавонанд.
Навозандагон дар навохтани асбобҳои мусиқӣ чандон моҳир набуданд ва дар чанд маврид оҳангҳои интихобшуда хуб иҷро нашуданд. Хуб мебуд, ки масъулини соҳа ин нуктаро ба назар гиранд ва барои ансамбли навозандагон беҳтарин мутрибонро ҷалб кунанд.
Санъаткорони ҷавон бештар маврид дар интихоби матни суруд низ ба иштибоҳ роҳ доданд. Шеърҳое аз тарафи онҳо интихоб шуданд, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ набуданд. Дар ин маврид ба омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик зарур аст, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд.
Либоси номувофиқ
Манбаъ менависад, ки интихоби либос низ бояд ба назар гирифта шавад. Санъаткор аз кадом жанр ҳунарнамоӣ мекунад, ояд либос ба он мувофиқ бошад. Мақсади озмун дар баробари пайдо намудани чеҳраҳои нав, эҳё намудани сурудҳои фаромӯшшуда мебошад. Масъулини соҳа мебоист сари ин масъала низ андеша мекарданд.
Бояд омодагӣ барои ширкат дар озмун аз оғози сол шурӯъ шавад ва масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо нақшаи чорабинӣ дошта бошанд.
Бо вуҷуди баъзе аз камбудиҳо гуфтан мумкин аст, ки озмуни зикршуда дар Раштонзамин натиҷаи хуб дод. 21 санъаткор дар давраи ниҳоӣ иштирок мекунанд.