ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул афзудааст, ки далели бунбасти музокироти Давҳа, баҳонаҷӯиҳои Толибон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
“Толибон хостаҳои хилофи қонунро матраҳ мекунанд, ки на раисиҷумҳур, на ҳукумат ва на мардуми Афғонистон онро мепазиранд”, - гуфт Сиддиқӣ.
Пеш аз ин бархе манобеъ эълом карда буданд, ки бунбаст дар музокирот миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Толибон дар Давҳа шикастааст ва тарафҳо ба тавофуқҳое даст ёфтаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад
Музокироти сулҳи байналафғонӣ 12 сентябри 2020 дар Давҳа оғоз шуд, аммо токунун ду тараф рӯи дастури кори музокирот низ ба тавофуқ нарасидаанд.