ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Русия метавонанд фармони президенти кишвар дар бораи сабукиҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус барои муҳоҷиронро то тобистони соли 2021 тамдид кунанд, хабар медиҳад "Парламентская газета".
Дар ин бора сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Кирилл Адзинов
зимни ҷаласа оид ба мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон дар Шӯрои Федератсия иброз дошт.
Гуфта шуд, ки ҳоло тамдиди ин Фармон барои шаш моҳи дигар баррасӣ мешавад.
Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав
"Мо бо дастгоҳи президент оид ба тамдиди минбаъдаи фармон кор карда истодаем. Эҳтимол, сабукиҳо то тобистони соли оянда тамдид карда шаванд", - гуфт Адзинов.
Ёдовар мешавем, ки ин фармон дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста шудани марзҳо байни кишварҳо 18 апрел баромад.
Аз он замон то кунун он ду маротиба тамдид карда шуд. Аввал, то 15 сентябр ва сипас то 15 декабр.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳуҷҷати қабулшуда, муҳоҷирон ҳуқуқ доранд, ҳатто дар сурати анҷоми муҳлати қонунии ҳуҷҷатҳои буду бош, дар Русия бимонанд.
Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд
Сабти ном, патент, иҷозатномаи истиқомат ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, бекор карда намешаванд ва хориҷиён ихроҷ ё депорт ҳам, намешаванд.
Ғайр аз ин дар муддати ним сол дар хориҷ будани шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия иҷозатномаи иқомат доранд ё иштирокчии барномаи давлатӣ шудаанд, нақзи қонун ҳисобида намешавад.