ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст.
Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз
Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.
Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.