ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити пандемияи вируси корона аз моҳи январ то сенябри соли равон коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 4,2 дарсад расидааст, омадааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.
Бештар аз пандемия ба бахши ғайриистеҳсолӣ ва камтар ба бахши саноат таъсир расонда шудааст.
Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири манфии пандемияи вируси корона ва ҷараёни барқароршавии он дар солҳои 2021 ва 2022 муайян хоҳад шуд.
Гуфта шудааст, ки дар сурати шароити мусбат Тоҷикистон метавонад комилан суръати рушди ММД-и худро, ки дар соли 2019 ба 7,5 дарсад расида буд, дар соли 2022 барқарор кунад.
Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид
Хавфи бадшавии рушди иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба дурнамои заминавӣ ҳануз баланд арзёбӣ мешавад. Агар пандемия идома ёбад, нишондиҳандаҳои ММД-и Тоҷикистон дар сенария заминавӣ зикршуда метавонад аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда боз ҳам камтар бошад.