Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, шарҳ дод, ки аз кадом ҳисоб афзоиши даромади буҷаи давлат дар соли 2021-ро таъмин хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Қаҳҳорзода зикр кард, ки нақшаи даромади буҷа барои соли 2021 аз ҳисоби ҳама манбаҳои даромад 27,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020 -ум 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Юлдошзода сардори Сарраёсат ва Собиров сартабиб шуд

Ба гуфтаи вазир, таъмини даромади буҷа аз ҳисоби кам кардани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, бознигарии боҷу аксизҳо ва қарзҳои андозӣ таъмин хоҳад шуд.

"Бояд қайд намуд, ки афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ, бо дарназардошти рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, коҳиш додани иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва таъсиси манбаъҳои нави даромад ба буҷет, бознигарӣ шудани меъёри боҷҳои гумрукӣ ва аксизҳо, сатҳи таваррум, инчунин, ба гардиши молиявӣ ворид намудани бақияпулиҳои андозӣ, пешбинӣ шудааст", - хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири молия.

Қарори Ҳукумат барои сабукӣ: дору, ниқоб ва тестҳо алайҳи СОVID-19 арзон мешаванд?

Манбаъ илова намуд, ки даромадҳо ба буҷа аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890,0 миллион сомонӣ ё 5,0 фоиз, аз ҳисоби даромади ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ё 8,5 фоиз пешбинӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0