ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, бо қарори Аҳмадзода, Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин гардидааст.
Инчунин дар пайи судури қарори Раҷаббой Аҳмадзода, Собир Собиров сартабиби Бемористони ҷарроҳии дилу рагҳо дар вилояти Суғд таъйин гардидааст.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду рӯз қабл маросимии муаррифи сартабиби нави ин бемористон ба иштироки Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд доир шудааст.
Собир Собиров дар гузашта, минҳайси сардори Раёсати тандурустӣ ва сартабиби Бемористони клиникавии Суғд фаъоляит кардааст.
Таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: чаро роҳбарони ин идора зуз-зуд иваз мешаванд?
Ӯ ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Ҳибибулло Муҳиддиновро иваз намуд. Муҳиддинов сарвари Маркази солимгардонии дилу шарён (маъруф ба дачаи Кардиология) таъйин гардидаст.