Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро баргузор кард: баррасии сиёсати пуливу қарзӣ

Обуна шудан
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагон сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон дар соли 2021 баррасӣ гардид.

"Дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" ва лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор гирифт", - менависад манбаъ.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Президент қонун дар бораи буҷаи соли 2021 - ро имзо кард

Гуфта мешавад, лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мутобиқ намудан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

"Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи зикргардида нигоҳ доштани сатҳи  муътадили нархҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ мебошад, ки он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад", - омадааст дар гузориши котиботи маҷлис.

Лентаи хабарҳо
0