ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021" имзо гузошт.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", қонун дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" таҳия ва қабул гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар Қонун ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591, 8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?
"Дар Буҷети соли 2021 ба мисли солҳои гузашта бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11, 8 дарсад ва тандурустӣ 8, 4 дарсад пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзудааст, ки қонун барои рушди устувор ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.