Сафаралиев пештар дар таваққуфгоҳи мошинҳо кор мекард. Боре ҳамкоронаш гуфтанд, ки ӯ ба ситораи муҳорибаҳои омехта Конор Макгрегор монанд аст. Ин монандӣ ҳаёти ҷавони қазоқро дигар кард.
"Боре ришам дароз шуд. Ҳамон вақт дар кор ба ман гуфтанд, ки ба Макгрегор монанд шудаам. Ман ҳам ба оина нигоҳ кардам ва розӣ шудам: дар ҳақиқат монанд будаам", - мегӯяд мард.
Ӯ қарор дод, ки аз ин монандӣ истифода кунад: акнун дар либоспӯшӣ, гашт ва тарзи гуфтор ба Конор тақлид мекунад.
Боре Брюс Лии афғониро дидаед?
Баҳром бо ин имеҷи наваш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гашт ва дар натиҷа машҳур шуд. Феълан, ӯро ба барномаҳои телевизионӣ даъват мекунанд ва Макгрегори қазоқ тарки кор кардаву "шоумен" гаштааст.