ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Маскав нафаре ёфт шудааст, ки чун дугоник ба президенти Украина Владимир Зеленский монанд аст, хабар медиҳад шабакаи Telegram - Mash.
Ӯ муҳоҷире аз Ӯзбекистон будааст.
Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он "дугоник" - и Зеленский дар бораи худ нақл мекунад. Номи ин мард Умед ё ба русӣ Дима будааст. Ӯ муҳоҷири корӣ буда дар коргоҳе фаъолият мекунад. Ба Русия бо аҳли хонаводааш омадааст.
Умед мегӯяд аллакай ба вокуиши мардум одат кардааст. Ҳар кас, ки Умедро мебинад бо ӯ акс мегиранд ва соядасташро хоҳиш мекунад. Умед мегӯяд ҳанӯз соли 2016 рафиқонаш ба ӯ гуфтанд, ки ба ҳунарманди машҳуре монандӣ дорад.
Чаҳор Порошенко ва як Владимир Зеленский дар Қирғизистон ба сар мебаранд
Танҳо замоне, ки Зеленский президент шуд, Умед фаҳмид, то чӣ андоза ба президенти кунунии Украина монанд аст.
Дар навор шаҳрванди Ӯзбекистон ба дугоники сиёсатмадори худ хушбахтӣ ва саломатӣ орзу кард.