Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

© AP / Christoph SoederОтражение мужчины на фоне флага ЕС
Отражение мужчины на фоне флага ЕС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба кӯшиши софдилонаи ширкатдорон нигоҳ накарда, саммити маҷозии G20 ҳалокати ҷаҳонишавиро таъкид кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik, Иван Данилов. Гап сари фитнае муқобили "ҷаҳони якқутбии амрикоӣ" ё кӯшиши барқарор кардани "муқобилияти деворӣ" монанди миёнаҳои дуюми асри 20 нест. Акси глобализатсия ва бисёрқутбӣ новобаста аз андешаҳо дар марказҳои ақлонии Амрико ва Брюссел аллакай воқеъияти ҳол шудааст.

Мушкил сари ин ки, мавзӯъи ягонаи сиёсӣ нест ҳамон тавре, ки як забон барои баррасии он вуҷуд надорад. Ва зиёда аз ин, "як кунҷи геопалитикӣ" ҳам нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он пайравӣ кунад.

Флаг США - Sputnik Тоҷикистон
Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Мушкили умумӣ шурӯъ аз ҳамагирии коронавирус то бӯҳрони иқтисодӣ ҳаст, вале ҳалли якхели он натанҳо ки нест, балки буда ҳам наметавонад. Барои он ки, низоми муносиботи миёни давлатҳо ба режими бозӣ аз сари нав омадааст, яъне комёбии як давлат чун мағлубияти рақибон пиндошта мешавад ва он ҷониб омодагии комил барои қурбонӣ кардани баъзе манфиатҳои умумиро нишон медиҳад (на мулоҳизаҳои башардӯстона) танҳо барои он, ки яке аз рақибони геополитикӣ натавонист як навъ тасвир, пирӯзии сиёсӣ ё иқтисодиро нависад.

Чанд мисоли чашмрас бояд гуфта шавад.

Дар нишасти G20, раҳбари Чин пешниҳод кард, ки як навъ механизми рақамӣ эҷод карда шавад, то ҳаракати байни кишварҳоро боздорад, вале ба иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва барқарорсозии туризм кумаки калон расонад (ки ин барои бисёриҳо, аз ҷумла кишварҳои камбизоат хеле муҳим аст).

Дар ин росто Чин, ташкили механизми байналмилалии шинохти "рамзи QR-и саломатӣ" -ро пешниҳод кард, ки бар пояи натиҷаи санҷишҳои тестӣ асос хоҳад ёфт.

Джо Байден с супругой - Sputnik Тоҷикистон
Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

"Умедворам, ҳарчӣ бештари кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон ба он ҳамроҳ мешаванд" - гуфт Си Ҷинпин.

Дар сатҳи объективӣ эҷоди як навъ "тасдиқи рақамӣ" - и байналмилалӣ ва  эътирофшуда дар бораи он ки як сайёҳ, дипломат ё соҳибкор солим аст  ва метавонад марзҳи кишварҳоро убур кунад (ё ба ватани худ баргардад) бидуни карантин -  фикри хуб аст.

Вале имконият барои роҳандозии ин барнома дар сатҳи глобалӣ нест, новобаста аз он ки ин чораандешӣ ин замон лозим аст ва метавонад осон таҷриба шавад. Вале, ин идея дар амал татбиқ намешавад, танҳо ба он хотир, ки аз нуқтаи назари раҳбарони Ғарб ин пешниҳоди расмии Чин (яъне пешниҳоде, ки рушди баланди технологияҳои инфрматсионии Чинро таъкид мекунад).

Мисоли дигар дар бораи дастнорас будани ваксинаи алайҳи коронавирус барои кишварҳои камбизоат мебошад, ки дар сурати эм накардан метавонанд манбаъи сироятёбӣ гарданд. Владимир Путин дар суханронии худ аз зарурати таъмин кардани тамоми ҷаҳон бо ваксина гуфт:

"Русия қарори калидии тарҳи саммити ҳозираро, ки ба дастрас кардани ваксинаҳои самарабахш ва бехатар ба ҳамагон нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунад. Бе шубҳа доруҳо барои эмкунӣ бояд дастоварди ҳамагон бошад. Ва Русия албатта ба кишварҳои ниёзманд ваксинаҳои аз тарафи олимон сохташударо дастрас мекунад: ин аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон "Sputnik V" буда, ваксинаи дуюми Русия "EpiVacCorona" -и Маркази илмии Новосибирск низ омода аст ва ваксини сеюми Русия дар роҳ аст.

Военные РФ в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Миқёси пандемия моро вазифадор мекунад, ки тамоми захираҳои мавҷударо истифода барем. Ҳадафи умумии мо - сохтани ваксинаҳо ва таъмин намудани тамоми аҳолии сайёра бо он мебошад. Ин маънои онро дорад, ки кор барои ҳамагон, кофӣ аст ва ин дар ҳолест, ки рақобат эҳтимолан ногузир аст, аммо мо бояд пеш аз ҳама аз мулоҳизаҳои башардӯстона сар барорем ва инро дар мадди аввал гузорем".

Дар сатҳи декларативӣ ҳамааш хуб хоҳад буд, вале "бистгонаи бузург" дар умум барои дар амал татбиқ намудани тарҳ, ки бунёди хазинаи умумиро барои харидории ваксина ва таъмин намудани кишварҳои ниёзманд дар назар дораду маҳз харидории ваксинаи сохти русии "Sputnik V" - ро, ки нисбат ба аналогҳои амрикоӣ ва урупоӣ арзонтар мебошад, ризо намешавад.

Агар ба ин мушкилӣ аз нуқтаи назари ИМА ва Брюссел назар кунем боз мефаҳмем, ки гап сари - русиягӣ (эҳтимолан сохти чинӣ низ онҳоро хуш нест), будани ваксина аст.

Владимир Путин даъват кард, ки рақобатро як сӯ гузошта гуманизмро пеша кунанд, аммо имкони шунидани муроҷиати ӯ ниҳоят ночиз аст, алахусус бо назардошти маъракаи таблиғотӣ дар расонаҳои ғарбӣ барои бадном кардани ваксинаҳои Русия ва Чин.

Рӯйхати мавзӯъҳоеро, ки дар он ҳеҷ гуна муколамаи моҳиятӣ дар саммити G20 вуҷуд надоштанд (ва як қатор монологҳои пешвоёни ҷаҳонӣ буданд) идома додан мумкин аст: ин аст ислоҳоти СУС ва мушкилоти қарзҳои асъории кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ ба протексионизм.

Роҳбарони Ғарб мавқеи хеле возеҳ доранд: онҳо бисёр гап мезананд, касеро намешунаванд ва пешниҳодҳои онҳо ба формулаи оддӣ мепечанд: "ҳама бояд тавре ки мо мегӯем, кор анҷом диҳанд, он гоҳ ҳамааш хуб хоҳад шуд" ва ба ин маъно, мавқеи Вашингтон пас аз иваз шудани президент. тағйир нахоҳад ёфт.

Набудани моҳияти нишасти G20 далели равшани он аст, ки ҷаҳон на ба сӯи рақобати "блокҳои геополитикӣ" ва ҳатто камтар ба сӯи барқарорсозии "ҷаҳони Амрико" (тавре, ки Вашингтон ба он умедвор аст), балки ба сӯи ҷаҳоне меравад, ки дар он танҳо гуфтушунидҳои дуҷонибаи байни кишварҳои мушаххас имконпазир аст. Расман, ҷаҳони G20, ба истилоҳ, Гурӯҳи бист (G20) вуҷуд дорад, аммо дар амал чуноне сиёсатмадори амрикоӣ Ян Бремер мегӯяд "ҷаҳони G-сифр" аст: ҷаҳоне, ки дар маҷмӯъ ҳама барои худ кор мекунад ва суръат бахшидани ин тағйирот эҳтимолан мероси асосии таърихии коронавирус хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0