ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона тағйир ёфта, аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Сард: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши суст борон ва барф дар назар аст. Туман мефарояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.