ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, барф мебораду меғ мефарояд. Бод аз сӯ ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 2-4 дараҷа хунук мешавад.