ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чанде пеш дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт рейд ва амалиёти пешгирикунанда пиёда намуданд.
Ба иттилои РВУД дар шаҳри Душанбе, ҳолатҳои тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт аслан ба айби ронандаҳое сар мезанад, ки соҳиби мошинҳои "крутой" ҳастанд.
"Новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиётҳо ва таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, нозирони роҳ, чандин ронандаҳои мошинҳои гаронарзишро ошкор намуданд, ки худравҳои худро дар ҷойҳои номумкин таваққуф намудаанд.
РВУД дар пойтахт аксу навори ронандаҳое, ки ба чунин қонуншиканиҳо даст задаанд, дар сомонаи худ нашр намудааст.
Гузашта аз ин, нозирони роҳ нисбати онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, барои такрор нашудани чунин ҳолат ронандаҳоро ба таври қатъӣ огоҳонид.