Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сафири тоҷик ба кишвардори Ҳиндустон тариқи видео эътимоднома супурд

© акс аз ВУХ ҶТЛуқмон Бобокалонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон
Луқмон Бобокалонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар замони пандемия мулоқоту вохӯриҳо миёни кишварҳо танҳо аз тариқи видео имконпазир шудааст. Сафири тоҷик низ ба раисҷумҳури Ҳиндустон эътимодномаашро аз тариқи видео супорид

ДУШАНБЕ, 22 ноябр - Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҳиндустон Луқмон Бобокалонзода ба кишвардори он кишвар Рам Натҳ Ковинд эътимоднома супорид.

Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан Назирмад Ализода вручил свои верительные грамоты Президенту  Кыргызской Республики Сооронбаю Жээнбекову - Sputnik Тоҷикистон
Ализода ба раисҷумҳури Қирғизистон дуруди Раҳмон расонду эътимоднома супурд

Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома рӯзи 20 ноябр баргузор гардид.

Аз бозе, ки ҳама ҷоро пандемияи коронавирус фаро гирифтааст, аз ин рӯ Бобокалонзода бевосита бо раисҷумҳури Ҳиндустон вохӯрӣ намудан натавонист.

Ализода дар Қирғизистон нусхаи эътимоднома супорид ва масъалаи марзиро баррасӣ кард

Маросими эътимодномасупорӣ низ аз тариқи видео баргузор гардид.

Манбаъ меафзояд, сафири тоҷик дар баробари супоридани эътимоднома, ҳамчунин таманниёти неки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаноби Рам Натҳ Ковинд расонд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфиятҳои то ҳол истифоданашуда имконияти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд.

Лентаи хабарҳо
0