ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода имрӯз, 13 - уми феврал дар Бишкек ба раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков нусхаи эътимоднома супурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар маросими мазкур сафири Тоҷикистон ба раисҷумҳури Қирғизистон дуруду паёми Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Манбаъ меафзояд, Сооронбой Жээнбеков ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафири навтаъини Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно кард.
Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо судури фармон сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистонро Назирмад Ализода таъйин кард.
Ализода дар ин мақом Сӯҳроб Олимзодаро иваз кард.