ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона тағйир ёфта аз 10-15 то 3-8 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
То -20 дараҷа сардӣ ва барф: пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи нав
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Сард: пешбинии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон барои имрӯз
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.