Ду кабки нав дар Тоҷикистон ба "Китоби сурх" ворид карда шуд

© Sputnik / Амир ИсаевКрасная книга Республики Таджикистан, архивное фото
Красная книга Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ду кабкро олимони соҳа дар пайи тадқиқоти чандсола дар мамнӯъгоҳи "Зоркӯл" кашф карданд. Паррандаҳо ба "Китоби сурхи Тоҷикистон" ворид шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Чанд сол пеш намояндагони Созмони байналмилалии ҳифзи набототу ҳайвонот дар мамнӯъгоҳи "Зоркӯл"  таҳқиқот анҷом дода, ду намуди паранда- яке кабки тибетӣ ва дигараш кабки  ҳимолойиро ба қайд гирифтанд. Дар ин бора Худобахш Муборакқадамов сардори мамнӯъгоҳи мазкур хабар додааст.

"Ин кабкҳо ҳам аз ҷиҳати ҷусса ва ҳам ранг аз дигар намуди кабкҳо комилан фарқ дошта, ҳардуяшон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” ворид карда шуданд", - гуфтааст вай.
Амурский леопард на дереве - Sputnik Тоҷикистон
Дар пешорӯи нестшавӣ: 10 ҳайвони нодир аз Китоби сурхи Русия - акс

ҳифзи чунин парандагону ҷонварон яке аз вазифаҳои аслии маъмурияти Мамнӯъгоҳи "Зоркӯл" ба шумор меравад, афзудааст Муборакқадамов.

Тавре иттилоъ дода мешавад, имсолбо дастгирии он хоҷагиҳое, ки ба таври расмӣ ба шикори гӯсфанди нодири Марко Поло машғуланд, даҳ тонна алаф, намак ва ғалладона ба кӯҳдоманҳо интиқол дода шуд.

Дар мавсими гармӣ ҳайвоноти ваҳшӣ дур аз чашми инсонҳо бештар вақт дар қуллаҳои дурдасти кӯҳ барои худ чарогоҳ интихоб мекунанд. Аммо пас аз он ки қуллаҳои кӯҳро барф мепӯшонад, ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо маҷбур мешаванд ба дашт ва ҳатто баъзан ба маҳаллаҳои аҳолинишин  фароянд.

Шикори ғайриқонунии гӯсфанди нодири “Марко-Поло” дар Мурғоб

Ҳанӯз барфи зиёд наборидааст ва ҳайвонот барои худ гиёҳу алафҳои табиӣ пайдо мекунанд.

Дар кӯҳистон корҳои биотехникӣ қабл аз барфрезиҳои шадид анҷом дода мешаванд.

Кормандони мамнӯъгоҳ солҳо боз кӯч бастани  ҳайвонотро дар фасли зимистон мушоҳида мекунанд ва медонанд, ки ғизоро дар куҷо гузоранд, то ҳайвонот ҳарчӣ зудтар онро пайдо кунанд.

Ба шикорчиёни ВМКБ тиру милтиқ доданд - аксҳо

Зоркӯл яке аз кӯлҳои зебои Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Мурғоб, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Лентаи хабарҳо
0