Ҳамасола ба иллати шикор ва ё ифлосшавии оби баҳру уқёнусҳо, шумораи ҳайвонот рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.
Бобати зеботарин ва камчинтарин ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Русия шомил гардиданд, тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон ба Шумо маълумот медиҳад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист: барои талаф наёфтани Марко Поло ба шикори он иҷозат додем
Ба феҳрати рӯйхати Китоби Сурхи Русия аслан ҳайвоноте дохил мешаванд, ки дар рӯбарӯӣ нестшавӣ қарор доранд.
Китоби Сурх давоми 10 сол ҳатман як маротиба чоп мешавад. Нахустин Китоби Сурх замони шӯравӣ соли 1978 баромада буд. Он замон ин китоб аз ду бобат иборат буд. Дар қисми аввали он дар бораи ҳайвоноте маълумот дода мешуд, ки дар пешорӯӣ нестшавӣ қарор доштанд ва дар қисмати баъдӣ дар мавриди растаниҳои нодир ҳарф зада мешуд.
Тоҷикистониён аз шикори ғурм ба дасти хориҷиҳо хашмгин шуданд
Бар тибқи маълумотҳои ахир ба феҳрати ин китоб ҳайвонҳои нав аз қабили паланг, аспи Пржевалский, паланги амурӣ, хирси сафед, бузи кӯҳӣ, бабри барфӣ, кити Сейвал, гурги сурх, шери баҳрӣ ва гови ёбоӣ шомил шуданд.











