Даргузашти Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун, шоири шинохтаи тоҷик

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун шоири тавонои тоҷик шоми имрӯз дар синни 64-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар бораи даргузашти шоир ҳаводорон ва наздиконаш дар сафаҳоти фейсбук хабар доданд.

Алишер Мухаммади, поэт, философ, переводчик, кандидат философских наук - Sputnik Тоҷикистон
Марги ман чист?: даргузашти шоир ва олим Алишери Муҳаммадии 43-сола

Як манбаъ аз бемористони шаҳрии №1 маъруф бо “Якум советский” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, устод аз бемории коронавиру даргузаштанд.

Худи Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун рӯзи гузашта дар сафҳаи интернетияш навишта буд, ки вазъаш вазнин аст ва зери дастгоҳи нафас қарор дорад.

“Дар 1-ум Советский зери асбоби нафас қарор дорам. Дуо кунед, ки то мурдана зинда бошам))”,-навишта буд шоир.

Ёдовар мешавем, моҳи май бародари 70-солаи шоир аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш (ё худ коронавирус) даргузашта буд.

Даргузашти шоир Акрами Ризом, роҳбари маҳфили “Гулбарг” 

Маҳзун аз замони авҷи паҳншавии коронавирус шеъре ҳам дар ин бора навишта буд:

ИД МУБОРАК!

Ид омада айёми вабо, Ид муборак,

Мирад вай аз ин шодии мо, Ид муборак!

Ҳайфо, ки рабуд аз барамон ёру бародар,

Худ низ шавад дафъу фано, Ид муборак!

Бархост, зиҳӣ, лашкари африштаи испед,

Бар куштани ин Деви Сиё, Ид муборак!

Бояд, ки бидонем ғанимат дами шодӣ,

Бошад ғами мо ҳам гузаро, Ид муборак!

Офияти ИНСОН биталаб ҳамраҳи Маҳзун,

Эй дӯст, зи эҳсони Худо, Ид муборак!

Маҳзун кист? 

Марҳур 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст.
Баъди хатми  факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб корро дар ноҳияи Вахш аз
омӯзгорӣ сар карда, пас аз чанд моҳи кор ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" ба кор гузаштааст. Фаъолияти рӯзноманигорияш низ маҳз аз ҳамин ҷой сар мешавад.

Мусульманин перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти шоир ва риёзидон Аъло Умарзод дар синни 66-солагӣ

Марҳум муаллифи китобҳои шеъри "Нафаси ишқ", "Шарораи шавқ", "Ай ишқ, наҷотам деҳ!", "Ранҷи ишқ ширин аст", "Саду як дарди ишқ", "Сурайёнома", "Гулбоз", "Ҷоно, падару модарат
аз ёд мабар!", "Афсонаи шодӣ", "Бадеҳаи ашк", "Таронаи ишқ", "Давлати ишқ", "Таронаи ифтихор", "Сад пора дили маҳзун"ва ғайра мебошад.
Ба қалами Маҳзун ҳамзамон асарҳои саҳнавии "Базми хосаи Мушбону", "Ашӯламоҳ ва Фалакбой", "Чароғи маърифат", "Гуфтугӯ бо театр" ва "Моҷаро" тааллуқ доранд, ки саҳнаҳои гуногуни театр намоиш дода шудаанд.
Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун дорандаи унвонҳои Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, дорандаи ордени Бунёди фарҳанги "Шараф ва мардонагӣ" СанктПетербург, медали "Хизмати шоиста", дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда ҳамзамон узви Иттиҳодияи арбобони театр, Иттифоқи журналистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0