ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон Одиназода Ҳайдар Одинаро аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озод кардааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Одиназода ба синни нафақа расиданӣ ӯ гуфта мешавад.
Бо қарори ҳукумат, Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таъин шудааст.
Ҳамзамон бо як қарор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шудааст.
Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, ба ҷойи Фақеров Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъин шуд.