ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Марди 66-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз болои келини худ ба милиса шикоят бурдааст. Марди куҳансол дар аризаи худ таъкид доштааст, ки келини 19-солааш аз сандуқи оҳанинаш пулҳояшро дуздида ғайб задааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 66-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон, келинаш ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамон ҷо, бо роҳи пинҳони аз дохили сейфи оҳанини хусураш 9 ҳазору 800-сомонӣ, инчунин санаи 19-уми июни соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа 2 ҳазору 700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки зарари расонидашуда ба марди 66-сола 12 ҳазору 500-сомониро ташкил додааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.