Аз 20 миллион сомонӣ гузашт: қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои Суғд кай пардохт мешавад?

© Sputnik Абдулатиф Кодири начальник управления труда, занятости и миграции по Согдийской области
Абдулатиф Кодири начальник управления труда, занятости и миграции по Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи музди меҳнати коргарон дар вилояти Суғд ба 20 миллиону 446 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Баъзе аз корхонаҳои ҳудуди ин вилоят дар давраи хуруҷи бемории COVID-19, маоши коргаронро саривақт пардохт карда натавонистанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя – Sputnik. Абдулатиф Қодирӣ, сардори Раёсати хадамоти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфт, қарздорӣ аз музди меҳнат нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2020, наздик ба 5 миллион сомонӣ боло рафта ба 20, 446 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

"Қарздорӣ аз ҳисоби соҳаи нақлиёт, обтаъминкунию пардохт ва инчунин аз ҳисоби соҳаи саноат махсусан аз ҳисоби Комбинати маъдантозакунии шаҳраки Адрасмони Гулистон 4 миллиону 849 ҳазор сомонӣ баланд шуда, ба ин ҳол ба 20 миллиону 446 ҳазор сомонӣ дакка задааст", - гуфт Қодирӣ.

Мавзӯи қарздорӣ аз муҳзди меҳнат дар як ҷаласаи ҳукумати Суғд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Масъулини Раёсати хадамоти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Суғд иброз намуданад, ки хуруҷи бемории COVID-19 ба зиёд шудани қарзи музди меҳнат таъсир гузоштааст.

Министр труда Таджикистана Джабборзода Гулру - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи музди меҳнат: 20 миллион сомонӣ ва муҷозоти 38 корфармо

Абдулатиф Қодирӣ гуфт, дар давраи ҳисоботӣ баъзе аз корхонаҳои саноатӣ фаъолияти назаррас надоштанд ва бо ин далел маблағи меҳнати коргарон саривақт пардохт нашуд.

"Соҳаи саноат ба маблағи 14 миллиону 330 ҳазор сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ 1 миллиону 517 ҳазор сомонӣ, соҳаи обтаъминкунӣ ва пардохт 3 миллиону 49 ҳазор сомонӣ, соҳаи нақлиёт 1 миллиону 402 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 26, 9 ҳазор сомонӣ ва соҳаи сохтмон ба андозаи 17, 7 ҳазор сомонӣ дар пардохти музди меҳнати коргарон қарздор мебошанд", - иттилоъ дод Қодирӣ.

Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 5 миллион доллар расид

Сардори Раёсати хадамоти меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират зикр кард, ки "Комбинати маъдантозакунии Адрасмон" яке аз бузургтарин коргоҳҳои қарздор ба ҳисоб меравад, ки то кунун 11 миллиону 786 ҳазор сомонӣ маоши коргаронашро пардохт накардааст.

Ин нишондод ним зиёди коргоҳҳои қарздор дар ҳудуди вилоятро такшил медиҳад, ки ба 57, 64 фисад рост меояд.

Ҷамъияти "Тамохуш" - и шаҳри Исфара ба маблағи 2 миллиону 518 ҳазор сомонӣ ва ҶСК "Фузулоти нодири Тоҷикистон" бо ҳисоби 128 ҳазор сомонӣ, ду корхонаи дигари қарздор аз маоши коргарон ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0