Ҳушдори БДА ба ронандагон: дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Кӯлоб - Хоруғ боэҳтиёт бошед

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSГрузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане
Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ронандагон хушдор дода мешавад, ки ҳангоми борону барф аз таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.

Морозное утро - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз сардиҳои шадиду боридани барф давоми се рӯзи оянда ва тавсия ба ронандагон

БДА мегӯяд, ҳангоми бориши борон ва барф ронандагон бояд дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар медиҳад.

Ҷилавгирӣ аз сонеҳаҳои нақлиётӣ: пулис муоинаи техникии мошинҳоро тафтиш мекунад

Полковник сабаби сар садани садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо шарҳ дод.

"Баъзе ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд.

Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Ҳамчунин дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки  таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд.

Лентаи хабарҳо
0