ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сафорати Амрико дар Гурҷистон бо нашри изҳороте гуфт, ки "дар мулоқот Котиби давлатӣ ӯҳдадории Амрикоро ба тамомияти арзиву истиқлолияти Гурҷистон тасдиқ кард ва талошҳои кишварро дар амри мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ситоиш намуд".
Дипломати амрикоӣ ҳамчунин бо нахуствазир ва ҳамтои гурҷии худ низ гуфтугӯ кард.
Аксарияти дидору гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста анҷом ёфтанд.
Коршиносон бар онанд, ки Помпео ба Гурҷистон барои ҳалли масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар ин кишвар сафар кардааст.
Гурҷистон кишвари ҳафтуми сислсиласафари кунунии Помпео мебошад.
Дар сӯҳбатҳояш бо мақомоти Гурҷистон Помпео сари масоили ҳамкориҳои стратегии Амрико бо ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ, аз ҷумла, дар бахшҳои тиҷорат, маориф ва фарҳанг тамаркуз хоҳад кард.