Ҷилл Байдени 69 - сола дар Виллоу - Гроув, дар канори Филаделфияи Пенсилвания таваллуд шуда аз панҷ фарзанди хонавода бузургтар будаааст. Модараш хонашин ва падараш корманди бонк буданд.
Пас аз хатми Донишгоҳи Делавэр дар соли 1975, Ҷилл ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Вилмингтон ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1998, вақте ки шавҳараш бори аввал ба мақоми президентӣ номзад шуд, вай эълом дошт, ки ба фаъолияти касбии худ идома медиҳад, агар бонуи аввал ҳам шавад. Ҷилл соҳиби ду дараҷаи магистр ва унвони номзади илмҳои педагогӣ мебошад.
Пеш аз он ки Ҷилл ба донишгоҳ дохил шавад, вай аз рӯи ихтисоси "савдои мӯд" (таблиғи маҳсулоти тамғаҳои мӯд) таҳсил мекард. Дар ҷавонии худ, Ҷилл муддате ҳамчун модел кор мекард. Имрӯз ӯ худаш либосҳоро интихоб мекунад ва ҳамчун муаллимаи идеалии амрикоӣ мебошад.
Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?
Ҷилл бо Байден ҳангоми донишҷӯ будан шинос шуд. Байдени 33-сола он замон сенатор аз Делавэр буд. Се сол қабл, дар соли 1972, зани аввал ва духтари хурдии ӯ дар як садамаи нақлиётӣ кушта шуданд ва писаронаш ҷароҳати вазнин бардоштанд. Он вақт, худи Ҷилл издивоҷи барвақтӣ ва талоқ дошт. Ҷо борҳо ба маҳбубааш пешниҳоди зиндагии муштарак намуд, аммо Ҷилл розӣ намешуд. Танҳо дар соли 1977 онҳо издивоҷ карданд ва пас аз чор сол соҳиби духтарча бо номи Эшлӣ шуданд.
Дар соли 2009, вақте ки Барак Обама президент шуд, Ҷо Байден вазифаи муовини президентро гирифт. Ҷилл ба ҳайси омӯзгор дар коллеҷи ҷамъиятии Вирҷинияи Шимолӣ дарс мегуфт. Бори аввал дар таърихи Иёлоти Муттаҳида зани як ноиби президенти кунунӣ бо маош кор мекард. Вай инчунин як ҳимоягари фаъоли ҳуқуқи занон аст ва аз аввали солҳои 90-ум инҷониб як созмони хайрияеро роҳандозӣ мекунад, ки бо саратони сина мубориза мебарад ва дар самти омӯзиши занон дар бораи зарурати ташхиси мунтазам кор мебарад.
Аксҳои ҷолиби Ҷилл Байденро аз тасвирбаёни Sputnik тамошо кунед.