Тағйирот дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: барканории Аҳмадзодаву мақоми нави Зувайдзода

© © SputnikГлава Комитета по архитектуре и строительству Джамшед Ахмадзода
Глава Комитета по архитектуре и строительству Джамшед Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадрӣ гузаронид

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармоне Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалолро аз раҳбарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барканор кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
10 фармони ҷадиди Раҳмон: кӣ барканор шуду кӣ вазифа гирифт

Манбаъ сабаби барканории  Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалолро ба синни нафақа расидани ӯ арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо фармони раисиҷумҳур Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Барканории Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдори Хуҷанд бо фармони Раҳмон

Ёдовар мешавем Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд то ин замон дар вазифаи муовини шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ кор мекард.

Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд 51-сол дошта аз рӯи касб муҳандис-сохтмончӣ мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0