Хосияти Зарафшонӣ дар бораи барканорияш: касе маро нарондааст, вақти нафақа расид

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТаджикская артистка Хосият Ортикова, певица шашмакома.
Таджикская артистка Хосият Ортикова, певица шашмакома.  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хосият Ортиқова, машҳур бо номи Хосияти Зарафшонӣ сарусадоҳо дар бораи “ронда” шуданаш аз раёсати ансамбли "Чаман"-ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Хосияти Зарафшонӣ дар як изҳороти фейсбукияш навиштааст, ҳеч кас ӯро аз кор нарондааст.

“Ҳеҷ кас маро аз кор нарондааст ва нисбат ба ман ягон санҷише нагузаронидаанд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи аз санҷиш гузаронидани маро надорад”, - навиштааст овозхон.

Ӯ гуфтааст, фақат ин ки вақти нафақа расид ва синну сол аз рӯи қонун, ки ба он баробар шуд, аз кор мегиранд, гарчанде сарвари давлат гуфт, касе қувваи корӣ дорад, кор кунад.

Народные музыкальные инструменты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Рондани занони рӯбобнавоз аз “Чаман” баъди 30 соли кор: роҳбарон мегӯянд, ҷавобгӯй нестанд

Ҳунарманд мегӯяд, дар филармония ҳам ба як гурӯҳ нафақахӯрон ҳамин тавр фаҳмондаанд.

“Ман гуфтам қабул. Ман худам рафтам, ҳол он ки роҳбарият хоҳиш карданд, ки наравам ва аз январ маро тариқи шартномавӣ боз ба кор қабул мекунанд”,-гуфтааст ҳунарманд.

Ӯ дар бораи аз кор ҷавоб додани ҳайати бонувони рубобнавози ансамбли “Чаман” гуфтааст, ҳамин тавр шуд ва роҳбарият гуфт аз соли нав ҳайати ансамбли бонувонро аз нав ташкил мекунанд.

Хонум Ортиқова мегӯяд, ин фикри онҳост, гарчанде мо бо ҳамин ҳайат кор карда, тайи се соли роҳбарӣ бисёр навигариҳо кардем.

“Ансамбл 25 сол дар як ҷой нишаста буд, ба сафарҳо ҳунарӣ баровардам. 16-то суруд сабт карда, барномаҳои хуб омода кардем”,-гуфтааст ӯ.

Номбурда мегӯяд, гарчанде нақшаҳоро дар ҳама чорабиниҳо иҷро мекарданд, аммо гап-гапи аз байн бурдани ансамбл буд.

“Хайр ансамбли “Чаман”-и нав ташкил кунанд, боз мумкин беҳтар шавад. Зинда бошем мебинем”,-навиштааст, ҳунарманд.

Ҳунарманд гуфтааст, барои аз мақомаш барканор кардан раҳбарияти нави Филармонияи давлатӣ даст надорад.

Ансамбли “Чаман” зери тобеияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, дар гузашта яке аз гуруҳҳои шинохта буд.

Ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман” ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод

Хосият Ортиқова ин ансамблро тӯли се соли ахир раҳбарӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0