ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Гуруҳи занони рӯбобнавози ансамбли “Чаман” шикоят доранд, ки 10 нафари онҳоро, ки тақрибан 70 дарсади ансамблро ташкил медиҳанд, бе асос аз кор озод кардаанд. Онҳо гирён тариқи Радиои Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳудуди сӣ сол дар ин ансамбл фаъолият доштанд, аммо ҳамагӣ 3- 4 сол то баромадан ба нафақа аз ҷониби роҳбарияти нави Филармония аз кор озод гардиданд.
Гиряи рӯбобнавозон: чаро 70 фоизи занони “Чаман”-ро рондаанд?
Саломат Ғафурова ва Ҳалима Ҳоҷибоева, ки собиқаи 30-солаи корӣ доранд, таъкид карданд, ки ин қадар сол фаъолият доштанду аз санҷишҳо гузаштанд. Онҳо суол гузоштанд, ки акнун куҷо мераванд, ки сӣ сол дар ин даргоҳ фаъолият карданду дар арафаи нафақа аз кор ронда шудаанд.
Ҷамшед Эргашов, ҷонишини аввали мудири Филармонияи давлатӣ дар шарҳи қазия ба Радиои Тоҷикистон гуфтааст, баъди санҷиши дохилӣ ба далели ба талабот ҷавобгӯ набудан тақрибан 10 нафар зани рӯбобнавозро аз кор озод кардаанд. Теъдоди умумии рӯбобнавозони ансамбл 14 нафар арзёбӣ мешавад.
Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд
Иброҳим Саидзода, ҳуқуқшиноси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, тартиби ихтисору озодкунӣ дар Кодекси меҳнат муқаррар шуда, розигии иттифоқҳои касаба дар мавриди ихтисор ҳатмӣ мебошад. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, бояд Вазорати фарҳангу иттифоқҳои касаба қазияро пайгирӣ кунанду баҳогузорӣ намоянд.
Ансамбли занони рӯбобнавози “Чаман” соли 1938 таъсис ёфта, феълан дар тобеияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон мебошад. Таъкид шудааст, ки аввали соли равон рӯбобнавозони ин ансамбл аз аттестатсияи давлатӣ бо муваффақият гузаштаанд.