Вокуниши ВУХ Тоҷикистон ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз изҳороти президенти Озарбойҷон, сарвазири Арманистон ва президенти Русия оид ба оташбаси комил ва қатъи ҷанг дар Кӯҳистони Қарабоғ истиқбол менамояд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба эълони оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ вокуниш кард.

Ин ниҳод мегӯяд, Тоҷикистон изҳороти президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Русия Владимир Путинро аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд.

"Мо аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки роҳбарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия баёнияи оташбас ва хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро имзо карданд, ки он аз соати 00: 00-и 10 ноябр ба амал даромад.

Шодии мардум аз хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шодии Боку ва эътирози Ереван: вокуниши мардум ба хотимаи ҷанг - гузориши аксӣ

Ҷониби Озарбойҷон ва Арманистон ваъда доданд, ки асирони ҳарбиро табодул мекунанд, ва ҳарбиён ҳоло дар ҷойгоҳҳои худ боқӣ мемонанд.

Дар навбати худ, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки созишнома дар бораи Қарабоғ барои ӯ як қарори бениҳоят душвор буд ва илова кард, ки роҳи дигаре набуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мутмаин аст, ки созишномаҳо ба ҳалли низои Қарабоғ хотима мегузоранд.

Поёни ҷанг дар Қарабоғ: Русия, Озарбойҷон ва Арманистон созишнома имзо карданд

Шаш ҳавопаймои Ил-76 бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай ба сӯи Қарабоғ парвоз карданд, онҳо баробари хуруҷи артиши Арманистон дар он ҷо хоҳанд буд.

Мӯҳлати будубоши нерӯҳои посдорони сулҳ панҷ сол бо тамдиди автоматӣ ба мӯҳлати иловагии панҷ соли дигар хоҳад буд, агар ҳеҷ кадоме аз тарафҳои созишнома дар бораи баромадан аз он қарор қабул накунанд.

Оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ: тавофуқи Арманистону Озарбойҷон бар сари чист?

Маълум аст, ки дар доираи созишномаи имзошуда Ереван бояд минтақаи Келбағарро то 15 ноябр ва вилояти Лочинро то 1 декабри соли 2020 баргардонад ва долони Лачинро, ки бараш панҷ километрро дар бар мегирад, бармегардонад, ки ин робитаи байни Қарабоғи Кӯҳӣ ва Арманистонро таъмин хоҳад кард.

Ғайр аз он, Ереван бояд то 20 ноябр ба Боку минтақаи Агдам ва як қисме аз ноҳияи Газахи Озарбойҷонро диҳад. Ин ба Шуша дахл надорад.

Лентаи хабарҳо
0