Ҳамин тавр, нимашаби рӯзи 10 ноябр ба вақти Маскав оташбаси комил эълон шуд.
Ҷонибҳои Озарбойҷон ва Арманистон ваъда доданд, ки асирони ҳарбиро табодул мекунанд, ва ҳарбиён ҳоло дар ҷойгоҳҳои худ боқӣ мемонанд.
Дар навбати худ, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки созишнома дар бораи Қарабоғ барои ӯ як қарори бениҳоят душвор буд ва илова кард, ки роҳи дигаре набуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мутмаин аст, ки созишномаҳо ба ҳалли низои Қарабоғ хотима мегузоранд.
Шаш ҳавопаймои Ил-76 бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай ба сӯи Қарабоғ парвоз карданд, онҳо баробари хуруҷи артиши Арманистон дар он ҷо хоҳанд буд.
Мӯҳлати будубоши нерӯҳои посдорони сулҳ панҷ сол бо тамдиди автоматӣ ба мӯҳлати иловагии панҷ соли дигар хоҳад буд, агар ҳеҷ кадоме аз тарафҳои созишнома дар бораи баромадан аз он қарор қабул накунанд.
Мардуми Боку аз чунин қарор шод шуданд, вале сокинони Ереван ибрози норозигӣ карда ба кӯчаҳо баромаданд.
Вокуниши мардум ба қарори таърихиро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.











