Путин ба суоли тавонмандии Русия дар чист, посух гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин ба суоли тавонмандии Русия дар чист, посух гуфт. Ӯ дар ҳамоише дар ин бора сӯҳбат кард

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тавонмандии Русия дар мардумаш ва арзишҳои он аст, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар ҳамоиши Агентии иқдомҳои стратегии "Ғояҳои бузург барои замони нав".

Путин рассказал, в каких случаях Россия может использовать ядерное оружие - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, кай Русия силоҳи ҳастаияшро истифода мебарад - видео

Роҳбари Русия тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи арзишҳои кӯмакрасонӣ ба ҳамдигар, эҳтироми торихи кишвар ва ватандӯстӣ меравад.

"Ин усули ахлоқӣ худро дар фаъолиятҳои фарҳангӣ, дар хадамоти иҷтимоии довталабон, дар кори ҷустуҷӯӣ, ки бузургдошти Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳифз мекунад, инъикос мегардад", - гуфт Путин. 

Президент таъкид кард, ки бо шарофати ин арзишҳои умумӣ сокинони Русия худро мардуми воҳид ҳис мекунанд.

Нақша: президентҳо – аз Путин то Руҳонӣ ва Син Ҷинпин ба Душанбе меоянд

Ҳамоиши "Ғояҳои бузург барои замони нав" 11 ноябр оғоз шуд. Мақсади чорабинӣ ташкили ҷомеае аз афроди мубтакир ва ташкили стратегияи технологии рушди Русия мебошад.

Лентаи хабарҳо
0