ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Озмуни байналмиллалии “Санъати китоб”-и кишварҳои узви ИДМ таҳти роҳбарии В.В. Андреевич дар шаҳри Минск тариқи онлайн баргузор шуд, хабар додааст, сомонаи Радиои Тоҷикистон дар такя ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии байналмиллалии “Санъати китоб”-и кишварҳои узви ИДМ Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 75-китоб пешниҳод намуданд.
Гуфта мешавад, дар озмун 5 китоби аз Тоҷикистон пешниҳодгашта, соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардида,
Шоҳҷоизаи чорабиниро китоби Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Уфуқҳои истиқлол” соҳиб шудааст.
Манбаъ мегӯяд, маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони дар Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Москва рўзхои 4-7 сентябри соли равон дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур сар аз соли 2004 баргузор гашта, соли 2018 он дар Душанбе доир шуда буд.
Китоби нави Рамазон Раҳимзода: вазир кушиш кард баромади Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил кунад
Он замон ҷоизаи асосии озмунро китоби “Донишномаи фарҳангии мардуми тоҷик” дар баробари китобҳо аз Беларус ва Русия Шоҳҷоизаро сазовор гардид.